"Савганд мехӯранд, вале ба мардум хидмат намекунанд"
     TJ RU EN
11:48 / 2024-11-16

"Савганд мехӯранд, вале ба мардум хидмат намекунанд"

Дар шаҳри Кӯлоб гурӯҳе аз довталабони кор дар ниҳодҳои давлатӣ танҳо баъди хондани суруди миллӣ ва адои савганди садоқат ба фаъолият оғоз карданд.

Савганди садоқат ба кору ватан ва донистани суруди миллӣ ҳоло яке аз шартҳои асосии пазируфтан ба кор дар ниҳодҳои давлатӣ дар ҷануби Тоҷикистон шудааст. Аммо баъзеҳо мегӯянд, донистани суруди миллӣ ва савганд хӯрдан нишонаи он нест, ки корманд дар воқеъ барои хидмат ба мардум камар мебандад ва содиқона ба онҳо хидмат мекунад.

Алимад Раҳмонов, сардори шуъбаи кадрҳои ҳукумати шаҳри Кӯлоб, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми озмуни қабул ба кор аз ҳар як довталаб суруди миллиро мепурсанд. Агар "нобиға" ҳам бошад, вале суруди миллиро надонад, "имкони пазируфтанаш ба кор кам мешавад".

Ба гуфтаи Раҳмонов, баъди пирӯз омадан дар озмун ва фармони раиси шаҳр барои қабули довталаб ба кор, ӯ дар ҳузури мақомот савганд мехӯрад, ки вазифаашро “аз рӯи қонун”, “софдилона” ва “аз рӯи инсоф” иҷро мекунад. Баъди савганд хӯрдан навбат ба қироати суруди миллӣ мерасад ва корманд баъди ин дар ҳукумати шаҳр корро оғоз мекунад.

Алимад Раҳмонов афзуд: “Се корманде, ки дар шуъбаҳо ба асоси озмун ба мақоми сармутахассис қабул шуданд, рӯзи 22-юми апрел дар ҳузури раиси шаҳр ва дигар кормандони масъул савганд ёд карданд. Дар охир бо қироати суруди миллӣ корро дар ҳукумати шаҳр оғоз намуданд.”

"Аз ин ҳама мазҳака дида, маоши кормандонро баланд кунед"

Ба гуфтаи коршиносоне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, пеш аз ҳама музди кори кам ва эҳтиёҷ кормандони давлатро маҷбур месозад, “софдиливу инсоф”-ро гӯшае гузоранд ва бо тамаъҷӯӣ ва аз роҳҳои дигар аз ҷумла гирфитани ришва зиндагиашонро пеш баранд.

Билоли Шамс, хабарнигор ва яке аз коршиносон дар Кулоб мегӯяд, “аз ин ҳама мазҳака дида, бояд аввал маоши кормандонро баланд кард, то мӯҳтоҷи касе набошанд ва бе савганду қасам корашонро дуруст иҷро кунанд.”

Ӯ мегӯяд: “Баъзеаш на аз Худо метарсад ва на аз Қуръон. Сабаби шикастани савганд ҳам он аст, ки маош кам аст ва ба харҷи рӯзгор намерасад. Он вақт даст ба коррупсия мезананд, ки ин низ шикастани савганд аст. Барои мисол, нафароне, ки шаҳрдорӣ ба кор қабул кардааст, 500 сомонӣ маош мегиранд ё каме аз он бештар. Инҳо маҷбуранд, ки дар рафти кор қасамро шикананд.”

Аз ин рӯ, ба гуфтаи Билоли Шамс, қасам додану пурсидани суруди миллӣ “як кори зиёдатӣ аст".

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, бисёре аз мақомот дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб “одамгурезанд ва сокинон доимо аз онҳо шикоят мекунанд.” Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин иддао асос надоранд ва кормандони идораҳои давлатӣ кори худро софдилона иҷро мекунанд.

Як мақом аз шаҳрдории Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, “мардум фикр мекунанд, ки имрӯз муроҷиат карданд, фардо бояд корашон иҷро шавад. Аммо мо қоидаву меъёр дорем. Дархост, ки омад, онро баррасӣ мекунем, иҷозат мегирем, мутобиқаташ бо қоидаву қонунро мебинем. Ҳар муроҷиат барои баррасӣ муҳлати муайян дорад, мо наметавонем, ки имрӯз шумо замин хостед, пагоҳ як гӯшаро канда диҳем."

Ба қавли ӯ, сокинон, ки "меъёру муҳлати иҷрои корро намедонанд, зуд даъвову ҷанҷол мекунанд."

Бо вуҷуди ин, худи мақомоти расмӣ дар гузашта ҳам эътироф кардаанд, ки саҳлангорӣ дар кори кормандони давлатӣ ва беэътиноӣ ба муроҷиатҳои мардум зиёд аст.

Ҷазо ба 22 мансабдор барои зери по кардани ҳуқуқи мардум

Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон соли гузашта 22 мансабдор барои поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Аз ҷумла, се нафарро барои бепосух мондани беш аз 100 муроҷиати сокинон ба зиндон маҳкум кардаанд.

Савганд хӯрдани баъзе аз мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон аз соли 2016 шуруъ шуд ва аз он сол вакилони порлумон ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ пеш аз оғози кор савганд мехӯранд.

Соли 2017 ҳукумати ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ин таҷрибаро нусхабардорӣ кард ва 18 корманди навтаъйиншударо “қасам дод”, ки корашонро софдилонаву дуруст иҷро кунанд. Аммо он вақт дар Фархор баръакси шаҳрдории Кӯлоб аз коргарони нав суруди миллӣ напурсиданд.

Шаҳри Кӯлоб сеюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон ба шумор меравад ва 200 ҳазор аҳолӣ дорад. Онҳое, ки бо коре ё эҳтиёҷе ба дари шаҳрдорӣ меоянд, шикоят мекунанд, ки масъулинро ё дар ҷойи кор намеёбанд, ё агар ёбанд ҳам, корашон ба осонӣ иҷро намешавад.

https://www.ozodi.org/a/tajikistan-official-asia-oath/29914771.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима